КОНФЕРКНСИЯ БАХШИДА БА СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИ ЭЛОН ГАРДИДАНИ СОЛИ 2024

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  Дар саҳни ҳавлии Муассиаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 бахшида ба эълон гардидани соли Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқи Конференсияи умумимактабӣ доир намуданд.

         Зимни суханронӣ Директори муассисаи мазкур иброз доштанд, ки Масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва дар ин замина ташаккули фарҳанги баланди ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди нигилизми ҳуқуқӣ, рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими принсипи волоияти қонун ҳамеша аҳамияти хоса доштанд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, печидатар шудани муносибатҳои иқтисодӣ, равандҳои афзояндаи иттилоот ва рақамикунонӣ проблемаҳои маърифати ҳуқуқӣ, тарбия ва таълим на танҳо муҳим боқӣ мондаанд, балки мазмуни нав пайдо кардаанд. Аён аст, ки дар шароити имрӯза талаботи риояи қатъии қонун як тамоюли муайяни меъёриро ифода мекунад, ки дар атрофи худ сохторҳои ҳокимиятӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма, табақаҳои иҷтимоӣ ва қувваҳои ҷамъиятӣ - сиёсиро муттаҳид менамояд. Нақши бунёдии ҳуқуқ, ки дар заминаи он давлати ҳуқуқбунёд асос ёфта, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор гирифтааст ба сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ бевосита алоқамандии зич дорад. Бинобар ин, маҳз дар шароити замони муосир маърифати баланди ҳуқуқӣ яке аз шартҳои муҳими пешравии ҳамкории судманди давлат ва ҷомеа арзёбӣ мегардад. Гуфтан мумкин аст, ки маърифати ҳуқуқии аҳолӣ - ин қобилияти ташаккулёфтаи ҳар як шаҳрванд барои зиндагии шоиста дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Мутаассифона, ҳоло аз ҷониби худи шаҳрвандон ҳимоя карда натавонистани ҳуқуқҳои худ бо тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ ба назар мерасад. Аксарияти аҳолӣ нисбат ба масъалаҳои ҳуқуқӣ бетаваҷҷуҳи зоҳир менамоянд, ки ин аз паст будани дониши ҳуқуқӣ дарак медиҳад. Аз ин рӯ, талаботи замони муосир аст, ки бо мақсади бартараф намудани ин камбудии ҷомеа, яъне беаҳамиятиву норасоии дониши ҳуқуқӣ чораҳои зарурӣ адешида шаванд.