МОҲИЯТИ НУҚТАҲОИ АСОСИИ ПАЁМ ШАРҲ ДОДА ШУДАНД.

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Санаи 22 январи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор мулоқоти гурӯҳи кори бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Фархор оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2023 баргузор карда шуд. Ҳамзамон дар мулоқот иштирок доштанд, Қурбонов Бобоҷон намояндаи ҳукумати вилояти Хатлон, Раҳматуллозода Дилбар, муовини раиси ноҳияи Фархор, Раҳимзода Раъно муовини аввали раиси ҲВМЭТ дар ноҳияи Фархор, Ғаффорзода Шоҳрӯх муовини раиси ноҳия ва масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор.Раҳимзода Раъно аъзои Райёсати Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, муовини аввали раиси ҲВМЭТ дар ноҳияи Фархор ба сухан баромада иброз доштанд, ки дар низоми муосири давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳимми расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, ифодаи равшани рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи мукаммали фаъолияти тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин лиҳоз на танҳо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми мардуми Тоҷикистон гаштаву баргашта ба ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз рӯй оварда, мазмуну моҳияти онро сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳанд.Дар воқеъ, гарчанде, ки Паём барои таҳқиқи сиёсати давлатии Сарвари давлат дар давраи муайян ҳамчун барномаи асосӣ хизмат мекунад, аз ҷиҳати мазмун ва моҳияти худ ин ҳисоботи Сарвари давлат ва Ҳукумат дар назди тамоми сокинони мамлакат мебошад. Пеш аз ҳама ин таҳлили тамоми соҳаҳои ҳаёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси он муайян намудани дурнамои он дар солҳои наздик мебошад.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ироаи Паёми имсолаи худ иброз доштанд, ки соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Бо вуҷуди болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, солҳои охир дар кишвар сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуда, соли 2023-юм 3,8 фоизро ташкил намуд. Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зикргардида сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд. Дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст карда шуд.

Тавре ба ҳамагон маълум гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади идома додани ин раванд ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки ҷиҳати дар ҳафт соли минбаъда то ба 10 фоиз паст кардани сатҳи камбизоатӣ чораҳои мушаххасро амалӣ намояд. Вобаста ба ин, зарур аст, ки дар соли 2024 тавассути татбиқи самараноки барномаву нақшаҳои қабулгардида суръати рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин карда шавад.