КОРҲОИ ОБОДУ ХУРРАМГАРДОНӢ ИДОМА ДОРАНД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Мақсади иҷрои дастуру супоришҳои аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода ҷиҳати баргузории ҳашарҳои дастаҷаъмона дар ҳудуди ноҳия омузгорон ва хонандагони синфҳои болоии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 дар минтақаи ба онҳо вобастшуда шамбегӣ гузарониданд.Хонандагон ва омӯзгорони муассисаи мазкур н дар ин шамбегӣ замини ба нарм намудани  замини гирду атрофи бинои муассиса ва аз ҳама гуна партов ва хасрӯбаю ифлосиҳо тоза намудани гирду атроф маш-ули кор буданд.. Дар ҳашари дастҷамъона беш аз 80 нафар иштирок намуда, минтақаи ба онҳо вобастшударо тозаву хуррам ва ба ободонии он саҳмгузорӣ карданд. Бояд қайд намуд, ки шанбегии мазкур баҳри баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон ҳамчун нишонаи маданияти нощиядорӣ, ободу зебо нигоҳ доштани атроф ва сабзазоркунӣ амалӣ гардиданд. Боиси қайд аст, ки ҳамзамон дар назди муассисаи мазкур аз тарафи хонандагони омузгорон ниҳолҳои ороишӣ низ шинонида шуданд.