МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ДЕҲОТИ ФАРХОР

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо иштрироки бевоситаи аъзои Кумитаи иҷроияи вилояти ва ноҳиявии ҲХДТ раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода дар ҳудуди ноҳия корҳои ободанию хурамгардонӣ бахшида ба таҷлили созовори ҷашнҳои дарпешистода оғоз гардид. Чунин як ҳашари ниҳолшинонӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Хуросон бо иштироки масъулини ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва хонандагону омӯзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 баргузор карда шуд. Дар ин рӯз зиёда аз 50 адад дарахтони ороиши ва ҳамешасабз шинонида шуданд.