БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГИИ УМУМИНОҲИЯВӢ ДАР БОҒИ ФАРҲАНГИ ФАРҒАТИИ НОҲИЯ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Ба хотири тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва иҷрои дастуру супоришҳои бевоситаи аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода санаи 21 январи соли чорӣ дар Боғи фарҳанги фароғатии ноҳия шамбегии дастаҷаъмона бо иштироки фаъолонаи аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия баргузор карда шуд.Дар ин руз аз ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ 120 нафар ба ҳашар баромаданд. Аз тарафи ҳизбиён корҳои назаррасе аз кабили намр намудани замин ба тартиб даровардани гулҳои ороишии боғ ва амсоли инҳо ба аном расонида шуд. Дар баробари ин дар як гушаи боғи мазкур маъракаи ниҳолшинони бо тавсияи масъулини Раёсати кишоварзии ноҳия доир карда шуд, ки зиёда аз 100 адад дарахтони ороиши шинонида шуданд.