ИДОМАИ КОРҲОИ САБЗУ ХУРАМГАРДОНӢ ДАР НОҲИЯ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

         Санаи 18-январи соли ҷорӣ дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории корҳои сабзу хурмгаронӣ бо иштирои аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Фархор Назирӣ Зариф Вализода дар маҳаллаи Тоҷикистон Ҷамоати деҳоти Хуросони ноҳия маъракаи ниҳолшинони баргузор карда шуд. Ҳамзамон дар он масъулини ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия иштирок намуданд. Бо тавсияи Раёсати кишоварзии ноҳия дар ин рӯз аз тарафи ҳашарчиён зиёда аз 100 адад дарахтони ороишии павлонӣ шинонида шуданд, ки ба иқлими ноҳия мутобиқ бада ҳамчунин симои ҷамоатро ҳусни дигар мебахшанд. Чунин иқдом дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия доир карда мешавад.