ШУКРГУЗОРӢ АЗ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАР

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор ҳамчун нерӯи сиёсии ҷомеаи кишвар дар доираи татбиқи бахшҳои алоҳидаи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ бобати тақвият бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ ба истиқболи ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо фаъолони ҳизбӣ ва сокинони маҳаллаҳо корҳои бунёдкориро вусъат бахшида истодааст. Дар доираи нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба баргузор намудани корҳои ободонӣ дар доираи аксияи “Якҷоя месозем” дар деҳаҳои ҳудуди ноҳия бо карбарии раисони ташкилоти ибтидоии ҳизбиид “Аловуддин”, сокинон ба ҳашар баромада, корҳои сангфаршкунии роҳи байни деҳаро идома дода истодаанд. Дар ин корҳои хайру савоб саҳми сокинони деҳаи мазкур бениҳоят назарас буда алакай дар масофаи зиёда аз 4 км роҳҳои байни маҳалларо сангфарш намуданд.  Муносиби тазакур аст, ки чунин корҳои ободонию созандагӣ дар ҳамдастӣ бо дигар фаъолони ҳизби дар деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия идома бахшида мешавад.