КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баҳри омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлати кишвар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти тарғибу ташвиқ ва ҷалби фаъолон ба корҳои созандагӣ ҳадафмандона фаъолият доранд. Бо ташаббуси аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Фархор Назирӣ Зариф Вализода дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 корҳои сохтмони синфхонаҳои иловагӣ идома доранд. Ҳамзамон, бинои сифхонаҳо ба пураги омода шуда айни замон корҳои дохили бино рафта истодаанд. Инчунин, дар доираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими нозоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон хатмкунандагони сину соли гуногуни ин муассиса саҳми худро дар рафти сохтмонҳо расонида истодаанд.