КИШТИ КАРТОШКА ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ИДОМА ДОРАД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

       Имрӯзҳо, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Фархор, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба самаранок истифодабарии замин, бештар истеҳсол намудани маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин васила саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакатро сармашқи кори худ намуда, аз бодуи ҳавои мусоид истифода намуда, кишти картошкаро бо истифода аз тухмиҳои аълосифат дар заминҳои назди муассисаҳои таълимӣ ба роҳ мондаанд. Айни замон, дар муассисаҳои тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия кишти картошка бо маром рафта истодааст.