ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ ВАЗИФАИ МО ШАҲРВАНДОН АСТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 15 январи соли 2024 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Себи сурх” мулоқоти мудири шуъбаи таблиғоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб оид ба шарҳу тавзеҳи ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳали проблемаҳои глобалии обу иқлим баргузор карда шуд. Дар мулоқот гуфта шад, ки Қайд намудан зарур аст, ки бо сабаби тағйирёбии иқлим бошиддат обшавии пиряхҳо на фақат ҳаҷми захираҳои оби тозаро кам мекунад, балки оқибатҳои бисёр харобиовару ҳузнангез низ дорад. Аз рӯйи маълумотҳои ташкилотҳои гуногуни экспертӣ маълум мегардад, ки дар ҳолати ҳозира дар ҷаҳон 844 миллион нафар одамон ба оби тозаи тозаи ошомиданӣ дарстрасӣ надоранд, 1,8 миллиард нафар аз оби ифлос истеъмол мекунанд ва 2,4 миллиард нафар ба ҳолати беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд. Мувофиқи пешгӯйиҳо, то соли 2050 дар минтақаҳое, ки ба захираҳои обӣ сарбории зиёд аст, 2,3 миллиард нафар зиндагӣ хоҳанд кард. Дар чунин ҳолат бо зиёдшавии таъдоди аҳолии ҷаҳон ва дар айни замон, камшавии захираҳои оби тоза шароити таъминот бо оби тозаи безараркардашуда ва дастрасӣ ба ҳолати беҳдоштӣ муташанниҷтар хоҳад шуд. Маълум аст, ки ин муаммоҳо ва талабот ба оби тоза дар ҷаҳон барои таъмин намудан ба захираҳои об ва махсусан оби тоза таъсири зиёд мерасонад. Мувофиқи пешгӯйиҳо талабот ба оби тоза то соли 2030 то 50 % зиёд гардида, норасоии захираҳои оби тозаи мавҷудбударо то 40 % мерасонад. Ба ғайр аз ин, тағйирёбии иқлим ба пайдошавии ҳолатҳои фавқулодда, ки ба об марбутанд, ба монанди омадани селу обхезиҳои харобиовар мусоидат мекунад. Дар давраи аз соли 2000 то соли 2016 дар натиҷаи селу обхезиҳо 107 ҳазор нафар фавтида, ҳамасола ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ миллионҳо доллари ИМА зиён мерасад. Аз рӯйи арзёбии пешакӣ, то соли 2050 арзиши иншоотҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ки дар минтақаи хавфи селу обхезиҳо ҷойгир мешаванд, ба 45 триллион долл. ИМА баробар хоҳанд шуд. Яке аз оқибатҳои харобиовари ҳолатҳои фавқулодда ин вайрону валангор гардидани ҷузъиёти миллии инфрасохтори иқтисодӣ мебошад. Дар қисмати Шимолии кураи Замин гармшавии иқлим, ҳарчанде ки баъзе ҷиҳатҳои мусбат ҳам дошта бошад( ба монанди ташкил ва ривоҷ додани истеҳсолоти кишоварзӣ), таъсири манфии он махсусан дар ҳудуди минтақаҳои яхбандии доимӣ бештар аст, ки он ба намуди обшавии пиряхҳои зеризаминӣ зоҳир мегардад: дар натиҷаи он устуворӣ ва эътимоднокии иншооти соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ-иқтисодӣ халалдор мегардад.   Лозим ба таъкид аст, ки аз солҳои 90-уми асри гузашта то ҳоло дар натиҷаи обшавии пиряхҳо сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ 5 см боло рафтааст. Таҳқиқоти олимони пажуҳишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ муайян кардааст, ки агар чунин ҳолат давом ёбаду пиряхҳои ҷаҳон об шаванд, сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ баланд гардида, баъзе қисматҳои давлатҳои соҳили баҳру уқёнусҳо зери об хоҳанд монд. Ин дар ҳоле аст, ки дар сад соли охир ҳарорати миёнаи солона ба 1оС боло рафтааст. Мувофиқи пешгӯйиҳои коршиносон то соли 2050 ҳарорати миёнаи солона метавонад то ба 2,5оС баланд шавад. Дар чунин ҳолат, агар чорабиниҳои зарурӣ андешида нашаванд, тасаввур кардан мумкин ас т, ки дар ояндаи начандон дур сайёраи моро чӣ интизор аст.