ИДОМАИ ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар асоси нақшаи кории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо мақсади омӯзиши самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарҳу тавзеҳи он миёни аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Куҳандиёр” бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Мирзоев Толиб ҷамомад баргузор карда шуд.Мирзоев Толиб дар баромадашон иброз намуданд, ки авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Чуноне дар Паём зикр шуд, дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ, инчунин ҳамқадами замон таълиму тарбия намудани хонандагон вазифаи муҳимтарини ҳар кадоми мо маҳсуб меёбад. Нигоҳи дигари Пешвои миллат ба озмуну олимпиадаҳои вилоятию, ҷумҳуриявӣ оид ба илмҳои табиатшиносию дақиқ, риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор намуда ғолибон ҳавасманд карда шаванд, манфиатоваре буд. Барои пос доштани забони шеваю тоҷиконаи хеш мо маорифчиёнро зарур меояд, ки забони хешро чун модар-ватан дӯст дорем ва онро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.