МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шафтолубоғ” бо иштироки мудири шуъбаи таблиғоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Мирзоев Толиб мизи мудаввар дар мавзуи “Ҳифзи пиряхҳо ташаббуси беназири Пешвои миллат” баргузор карда шуд. Чорабинии масзкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб дар самти шарҳу иавзеҳи муҳтавои ташабусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар самти ҳифзи табиат ва обу иқлим роҳандози шудаанд.Зимни суханронӣ Мирзоев Толиб қайд карданд, ки Барои мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ифтихор аст, ки дар Иҷлосияи 27-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ доир ба тағйирёбии иқлим, ки санаи 14 декабри соли 2022 баргузор гардид, пешниҳоди навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарафдории 153 давлатҳои аъзо дастгирӣ ёфта, соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва санаи 21- март Рӯзи байналмилалии пиряхҳо эълон гардид. Инчунин дар ҳамин ҷаласа дар назди ин созмони бонуфузи умумиҷаҳонӣ Фонди боэътимоди махсус барои ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд. Ҷонибдории ташаббусҳои инсондӯстона ва бунёдкоронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба об ва иқлим аз боло рафтани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Мувофиқи арзёбии коршиносон, таъсири тағйирёбии ҷаҳонии иқлим ба пиряхҳои Тоҷикистон нишон дод, ки дар тамоми давраи тадқиқот, сар карда аз соли 1930 (якумин ченкуниҳо бо асбобҳо), тахминан сеяки масоҳати умумии яхбастаи ҷумҳурӣ ихтисор шудааст. Пиряхҳои Осиёи Марказӣ, ки манбаи асосии оби дарёҳо ба ҳисоб мераванд, ҳамасола ба ҳисоби миёна 0,6-0,8 % масоҳати яхбаста ва 0,1 % ҳаҷми худро талаф дода истодаанд. Дар тӯли ду-се даҳсолаи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1000 адад пиряхҳо пурра об шуда, ба нестӣ рафтааст. Аз он ҷумла, пиряхи калонтарини Тоҷикистон ва калонтарин дар ҷаҳон пиряхи кӯҳӣ – пиряхи Федченко, ки дар кӯҳҳои Шимолӣ-ғарбии Помир ҷойгир буда, 77 км дарозӣ, 2 км васеъгии миёна, 5 км васеъгии зиёдтарин дошта, масоҳаташ ба 156 км2 (бо ҳамаи шохаҳояш 824,1 км2) ва ғафсии зиёдтаринаш ба 1 км баробар буда, ҳаҷмаш (бо ҳаҷми шохаҳояш якҷоя) 144 км3 -ро ташкил медиҳад, ҳам аз рӯйи ҳаҷм ва ҳам аз рӯйи масоҳат сол ба сол кам шуда истодааст.