ЧАРОҒОНКУНИИ ҲУДУДИ МАҲАЛЛАҲО

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати деҳоти Ватан” дар доираи дастуру супоришҳои аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода ҷиҳати истиқболи сазоворӣ ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоат корҳои ободонию созандаго бог маром идома доранд.Ин навбат бо ҷалби сокинон мақсад доранд, ки маҳаллаи марказии ҷамоати мазкурро чароғон кунанд. Айни замон бо тариқи ҳашари дастаҷаъмона барои гузаронидани ноқилҳо корҳои зарурӣ анҷом дода шуда истодаанд.