ПЕШГИРИИ ҶИНОЯТКОРӢ МИЁНИ ҶАВОНОНУ НАВРАСОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Мулоқоти намояндаи Шуъбачаи вазорати корҳои дохилии ноҳияи Фархор бо аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44 дар масъалаҳои пешгирии ҷинояткорӣ миёни ҷавонону наврасон ва хатару оқибатҳои терроризму экстремизм баргузор карда шуд.Дар мулоқот намояндаи ШВКД дар ноҳияи Фархор зимни баромади худ кайд карданд, ки боиси таассуф аст, ки наврасон ба ҷои таҳсил дар мактабҳо ва машғул шудан ба корҳои муфиди ҷамъиятӣ даст ба ҷинояткорӣ ва хосатан ба содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин мезананд. Вале ин ҷо ягон ҷои тааҷубовар нест, зеро содир гаштани ҷиноят дар қатори калонсолон аз ҷониби ноболиғон дар ҳама давру замон ба назар мерасид. Барои он ки ба ин масъалаи муҳим ба хубӣ сарфаҳм равем, қабл аз ҳама моро мебояд хусусиятҳои психологию физиологӣ ва ҳамчунин доираи синну соли ин табақаи аҳолиро, яъне давраи наврасиро дониста бошем. Зеро бидуни донистани хусусиятҳои махсуси табиати наврасон ба дарки табиати ҷиноятпешаи онҳо сарфаҳм рафтан душвор аст ва ҳарф задан атрофи қазияи мазкур ба мақсад мувофиқ нест. Бо ин ҳадаф ин ҷо каме таваққуф намуда, ба шарҳи мухтасари он мегузарем.Давраи наврасӣ дар як қатор адабиёти илмӣ ҳамчун давраи гузариш ва ҳамзамон душвор арзёбӣ гардидааст. Чунки гузаштан аз айёми кӯдакӣ (бачагӣ) ба ҷавонӣ маҳз дар ҳамин давраи хеле кӯтоҳ рост меояд, аз ин рӯ он бо душвориҳои зиёд ҳам барои наврас ва ҳам барои калонсолон мегузарад. Аз ин ру мову Шумо омӯзгорони муҳтарамро мебояд, ки оид ба масъалаи мазкур ҷидди муносибат намуда дар ҳолати пайдо шудани ҳолатҳои шуҳбанок дар ин ё он хонанда дар ҳол ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва паду модари онҳо хабар диҳед зеро бисёри ҳодисаҳое, ки бо наврасон рух медиҳанд дур аз хона ва ё дар муассисаҳои таълимӣ ба вуқуъ мепайванданд.