ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТИҲ ГУЛШАН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ватандор” Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мудири шуъбаи таблиғоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия шаҳр дода шуд.

Мирзоев Толиб дар сухнрониҳои худ қайд карданд, ки тайи панҷ соли охир дар дунё дасти кам 100- кишвари олам гирифтори ҷангҳо ва низоъҳои мазҳабӣ, таҳмилӣ,  ифротию терористӣ гардиданд. Дасти кам дар гирудорҳои манфур ва ҷангҳое, ки аз дасти ифротгароён, экстремистҳо ва терористҳо ба вуқуъ омаданд даҳҳо мактабҳо, осорхонаҳо, мероси фарҳангию ниёгони башарият ва садҳо нафар кудакону ҷавонон, занону пиронсолон кушта шуданд. Амнияту осоиштагии кишварҳои алоҳида  дар мисоли тарҳрезишудаи «Баҳори Араб» ба дасти камон, ҷанг, даҳшату зуроварӣ, таҷовуз ва гуруснагию бехонумонӣ супурда шуд. Дар илми фалсафа як ҳикмати хеле хуб аст: «Дунё як китоби зебоест, аммо барои касе, ки намехонад, ҳеҷ фоидае надорад».   Оре, ҳар ҳамватани моро, ҳар касеро, ки ин хоку об, ин сарзамини аҷдодӣ барояш муқаддас аст, аз сари сидқ, вафо, ҳамдилӣ, матонат ва  иродатмандӣ паҳлу ба паҳлуи Пешвои раҳнамунсози миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устувор истода, барои ҳамешагӣ  устувор нигоҳ доштану пойдории сиёсати созандаву мардумсолор ва амнияту истиқлоли давлатӣ заҳмати содиқона анҷом бояд дод.