ҲИСОБОТӢ РАИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ОРЗУ” ШУНИДАШУД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Маҷлиси ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Орзу” бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо баррасаи се масъала баргузор гардид.

Аз рӯи масъалаи якум раиси ташкилдоти ибтидоии ҳизбии “Орзу” Салимов Наҳтулло дар назди аъзои ҳизби оид ба фаъолияти солонаи ин ташкилот дар давраи соли 2023 ҳисобот дода, қарорҳои дохлдоро қабул намуданд. Доир ба масъалаҳои дуюм ва сеюми рӯзномаи маҷлис пешниҳодҳои котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Орзу” “Дар бораи тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Орзу” барои соли 2024 ва “Дар бораи тасдиқи нақша чорабиниҳо оид ба баргузории корҳои таблиғотӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” шунида шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мирзоев Толиб зимни суханронӣ оиди дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намуда ҷашни 30 – солагии Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ, ҷалби аъзо ба сафи ҳизб, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва иштироки аъзои ташкилоти ибтидоии “Орзу” дар аксияву ҳашарҳои ҳизбӣ ва дигар масъалаҳои мубрам баромад намуданд.