ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ НУҚТАҲОИ АСОСИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

         Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру супоришҳои раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор шуруъ аз 02.01.2023 дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия вохуриҳо бо аъзои фаъоли ҲХДТ баргузор карда шуда истодаан. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” мулоқоти гурӯҳи кории шуъбаи маорифи ноҳия дар масъалаҳои гуногуни соҳавӣ ва ҳамзамон шарҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.Зимни суханрониҳо иброз гашт, ки дар Паёми Президенти кишвар масаъаи ҳифзи ичтимоии аҳолӣ ҳаматарафи барраси шуда кайд гардид, ки Дар даврони соҳибистиқлолӣ бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дода шуд.Зеро бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.