ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТИҲ ГУЛШАН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Гулшан” Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мудири шуъбаи таблиғоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия шаҳр дода шуд. Мирзоев Толиб дар сухнрониҳои худ қайд карданд, ки хизматчиёни ҳарби барои таҳким бахшидан ва пойдор нигоҳ доштани Истиқлолияти давлатӣ ва амнияти кишвар масъл мебошанд. Ҳамзамон гуфташуд, ки Пешвои миллат қайд карданд, ки “Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем. Бо беҳтарин шароити зиндагиву хизмат таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, омода кардани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон аз қабили ин тадбирҳо мебошанд. Ҳукумати мамлакат дар ин самт, аз ҷумла доир ба навсозии иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамаи чораҳои заруриро андешида истодааст ва ин равандро минбаъд низ идома хоҳад дод. Ҳадафи мо аз навсозии имкониятҳои Қувваҳои Мусаллаҳ боз ҳам беҳтар таъмин намудани амният ва суботи кишварамон мебошад. Таъкид менамоям, ки роҳбарони Қувваҳои Мусаллаҳ, воҳидҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ба риояи ҳатмии ойинномаҳои ҳарбӣ, тартибу интизом ва таъмини волоияти қонун эътибори доимӣ ва қатъӣ диҳанд. Тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд”.