ҲАШАРҲОИ ДАСТАҶАЪМОНА ДАР НАЗДИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДО

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тақвият бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, ҳамзамон ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани биноҳои маъмурию ҷойҳои корӣ бо корбарии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳашарҳои дастаҷамъона ташкил ва гузаронида мешаванд.Зимни баргузории чунин як ҳашарҳои дастаҷамъона дар ташкилоти ибтидоии ҳизбити “Фарҳанг” гирду атрофи муассисаҳои соҳавӣ тозаву озода карда шуда, бехи дарахтон нарм карда мешавад. Инчунин, бо мақсади сабзу хуррам гардонидани саҳни ҳавлии Китобхонаи марказӣ, дарахтони ороишӣ ва гулҳои мавсимӣ шинонида шуд.