ДАР НАЗДИ БИНОИ КОРИИ КУМИТАИ ИҶРИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯ ҲАРАШИ УМУМӢ БАРГУЗОР КАРДА ШУД.

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҲХДТ ва ҳамзамон аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи вилояти ва ноҳиявии ҲХДТ раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода оид ба баргузории маъракаи ниҳолшинонӣ ва корҳои ободонӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳракқ деҳоти ноҳия масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо ҷалби масъулини Раёсати кишоварзии ноҳия дар назди бинои кории кумита ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизби маъракаи ниҳолшинони баргузор карда шуд. Инчунин дар ин ҳарашҳо муовини аввали раиси ноҳияи Фархор Вализода Насрулло иштирок намуданд. Ногуфта намонад, ки дар ин рӯз дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 100 адад дарахтони Павлони шинонида шуданд.