КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР НАЗДИ БИНОИ МТМУ №4

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Санаи 06.01.2024 таҳти роҳбарии Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 дар доираи иқдомҳои пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомлалӣ Раҳмон оид ба маъракаи сабзу хуррамгардонӣ, ҳамчун рамзи вусъат бахшидан ба маъракаи ниҳолшинонӣ бо иштироки масъулини соҳаи кишоварзи дар ҳудуди мактаб маъракаи ниҳолшинонӣ доир намуданд. Омӯзгорону хонандагон дар якҷоягӣ ба ҳашари дастаҷаъмона баромада, барои боз ҳам ҷоннок намудани тадбирҳои вобаста ба сабзу хуррамгардонии ҳудуди муассисаи таълимӣ муфид доданд. Қобили қайд аст, ки дар пайи ин иқдом зиёда аз 40 адад дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд.