КОРҲОИ ОБОДОНИ ДАР НАЗДИ БИНОИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ФАРХОР

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ", масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо ҷалби коршиносони соҳаи кишоварзии ноҳия дар назди бинои кории Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизби дарахтони мутобиқ ба иқлими ноҳия ниноданд. Ҳамзамон дар ин шамбеги муавини аввали раиси ноҳияи Фархор Вализода Насрулло иштирок ва дастурҳои судманд доданд. Инчунин, кормандони ҳизбӣ дар ин рӯз бехи дарахтонро нарм намуда онҳоро сафед карданд. Ин иқдомҳо минбаъд пайваста доир гардида барои бозҳам зебо намудани ҳусни ноҳия ани мудао мебошанд.