МАҶЛИСҲОИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ ОИД БА ҶАМБАСТИ СОЛИ 2023

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Рӯзи 04 январи соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Навободи поён" маҷлиси ҷамбастӣ оид ба натиҷагири аз фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоии мазкур бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ баргузор гардид.Дар маҷлис масъалаҳои зерин мавриди баррасии ҳаматарфа қарор дода шуд. 1. Дар бораи ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Навободи поён” “Дар бораи натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2023” 2.  Дар бораи тасдиқи нақшаи корӣ барои соли 2024. 3. Дар бораи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.  Масъалаҳои дар рӯзномабуда баррасиӣ шуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.Ҳамзамон раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Навободи поён” ибрози андеша намуданд, ки дар воқеъ, гарчанде, ки Паём барои таҳқиқи сиёсати давлатии Сарвари давлат дар давраи муайян ҳамчун барномаи асосӣ хизмат мекунад, аз ҷиҳати мазмун ва моҳияти худ ин ҳисоботи Сарвари давлат ва Ҳукумат дар назди тамоми сокинони мамлакат мебошад. Пеш аз ҳама ин таҳлили тамоми соҳаҳои ҳаёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси он муайян намудани дурнамои он дар солҳои наздик мебошад.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ироаи Паёми имсолаи худ иброз доштанд, ки соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид.