МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Имруз дар ноҳияи Фархор тибқи нақшаи чорабиниҳои аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назири Зариф Вализода маъраки ниҳолшинонӣ оғоз гардида ба ин муносибат, шанбегии умуминоҳиявӣ гузаронида шуд. Шанбеги, ки бо иштироки муовини якуми раиси ноҳияи Фархор Вализода Насрулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳитяи Фархор Вализода Муҳаммад, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва кормандони дастгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор гузаронида шуд, маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид, Мақсад аз ин маърака оғоз намудани корҳои кабудизоркуни ва зебову назаррабо гардонидани гирду атрофи шаҳраки Фархор ва ҷамоатҳои деҳот мебошад, ки дар натиҷа зиёда аз 500 адад дарахтони ороишии “Павлон” шинонида шуд. Роҳбарияти ноҳия тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ баҳри зебову хуррам гардонидани гирду ноҳия, ки дар натиҷа ба ободӣ ва зебогии меҳан оварда мерасонад, чунин корҳоро ба анҷом расонанд.