БАРРАСИ НУҚТАҲОИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар асоси нақшаи кории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ “Маркази мубориза бар зидди бемориҳои пусту зуҳравӣ” оид ба омӯзиши самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Мирзоев Толиб мудири шуъбаи таблиғоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор мулоқот баргузор карда шуд.   Зимни суханронӣ намояндаи Кумитаи иҷроия иброз доштанд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми хеш ба масъалаи фароҳам овардани фазои мусоид барои кормандони соҳаи тандурустии мамлакат ва ҷорӣ намудани усулҳои ҳавасмандгардонии фаъолияти мутахассисони соҳа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Ҳамзамон иброз доштанд, ки Соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд”.Ин суханҳо ва исботи амиқи онҳо иншоотҳои нави соҳа мебошанд, ки дар ноҳияи мо тули солҳои охир зиёда аз 10 адад сохта бо таҷҳизоти замонавӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд. Дар идома Пешвои муаззами милат қайд карданд, ки “Маблағгузории соҳа мунтазам зиёд шуда, вазъи таъмини муассисаҳои тиббии кишвар бо таҷҳизоти ҳозиразамон ва неруи кадрӣ сол ба сол беҳтар мегардад. Дар соли 2023 барои соҳаи тандурустӣ 3,3 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2017-ум 2,3 баробар зиёд буда, 8,8 фоизи буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Ҳоло дар соҳа татбиқи 15 стратегияву барномаи миллӣ бомаром идома дорад.  Танҳо дар давоми соли 2023-юм 132 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ сохта, ба истифода дода шуд. Чанд рӯз пеш бинои нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуд. Кормандон дар биное, ки 60 – 70 сол пеш сохта шудааст, дар шароити бисёр номусоид кор мекарданд ва аксари воҳидҳои сохтории вазорат дар гӯшаҳои гуногуни пойтахт фаъолият доштанд. Акнун, ки шароити беҳтарин муҳайё гардид, бояд фаъолияти худро дучанду сечанд беҳтар намоянд”.