ОБОДКОРӢ МАРОМИ МОСТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ибтикори ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Донишвар” ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода оид ба баргузории ҳашарҳои дастаҷаъмона дар ҳудуди корҳонаву муассисаҳои ноҳия дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66 шанбеги баргузор карда шуд. Ҳамаи аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ин рӯз ба ҳашари дастаҷаъмона баромада корҳои зеринро аз қабили тоза намудани ҷуйборҳои ҳудуди муассиса, рубу чин намудани роҳравҳо, шинонидани гулҳои мавсимӣ ва дарахтони ороишӣ ва амсоли инҳоро ба иҷро расониданд.