КОНФЕРЕНСИ ТАҲТИ УНВОНИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАМИИ АМАЛ ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Базшида ба истиболи ташаббусҳои Пешвои миллат дар самти обу иқлим дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 Конференсия зури унвонӣ “Даҳсолаи байналмиламии амал об барои рушди устувор” бо иштироки хонандагон ва омӯзгорон баргузор карда шуд. Зимни суханронӣ Директори мактаб ва намояндагони ҳизб иброз доштанд, ки 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи A/RES/71/222-ро зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” бо иттифоқи оро ва бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул намуд. Чӣ тавре ки ба Шумо маълум аст, ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд.

Мутобиқи Қатъномаи мазкур (ОР3) давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” эълон мешавад, ки он аз 22-юми марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22-юми марти соли 2028 ба анҷом мерасад. (22-юми март Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об мебошад.)

Зимни суханронӣ дар Форум Президенти кишвар зикр карда буд, ки “… таҳдиду хатарҳои муосири глобалӣ, аз ҷумла буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, зуд-зуд рух додани ҳодисаҳои офатбори гидрометеорологӣ, норасоии об ва дар натиҷа, боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдак, аз мо саъю талоши бештар ва дар ин арса андешидани тадбирҳои марбутаро тақозо доранд”.

Дар робита ба ин, Сарвари давлат пешниҳод намуд, то дар идомаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015”, Даҳсолаи нави байналмилалӣ ҷиҳати эҷоди заминаи устувор барои ҳамоҳангсозӣ ва ҳавасмандгардонии талошҳо ба мақсади ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба мудирияти масъалаҳои об мусоидат менамояд, роҳандозӣ шавад. Ҳамзамон қайд гардид, ки ташаббуси панҷуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим ин эълон намудаи соли 2025 Соли ҳифзи пиряхо ба шумор меравад, ки аз тарафи чомеаи ҷаҳони бо хушнуди пазирувта шуд.