КОНФЕРЕНСИЯИ УМУМИМАКТАБИ БАХШИДА БА 20 – СОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 Конференсия бахшида ба 20 – солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзи бо иштироки васеи хонандагону омузгорон ва намояндангони шуъбаи маорифу Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баргузор карда шуд.Дар Конференсия зимни суханрониҳо гуфта шуд, ки Илм бузургтарин маъво, асоситарин мафҳум ва маъхазест, ки ҳаёт бо он пайваста мебошад. Рушди тамоми соҳаҳо вобаста аст ба оне, ки дар ин самт чигуна дигаргуни мешавад. Дигаргуни низ албатта сохтаи тафаккур, эчод ва идеяи олиме ва ё донишмандест. Пайрохаи илм бисёр як пайрохаи борик ва душворгузар аст. Барои гузаштан аз ин пайроха ва фатхи куллаи илм пеш аз хама кулвори пур аз сабрро бояд хамеша бо худ дошт, то дар ин рохи душвор мувафак шави, вагар на дар нимарох хохи монд. Хадафи хар кадом илм низ манфиат овардан ба чомеа ва бевосита тадбик шудани он дар амал мебошад. Маҳз ба хотири рушди илмҳои дақиқ ва тайёр намудани мутаххассисони баландихтисоси ин соҳа аз ҷониби сарвари давлат солхои 2020-2040 бистсолаи омӯзиши фанҳои та биатшиноси дақиқ дакик ва риези дар сохаи илму техника эълон гардид, то ҷавонон бештар рӯ биоранд ба омӯзиши фанҳои дақиқ. Ин пешниҳод бо дарназардошти пешрафти босуръати илму технология пешниҳод гардидааст. Дар ҷомеаи мутарақӣ, ки илму техника бо суръти кайҳонӣ пеш меравад, ҳарруз ба майдони илм як техникаи нав ворид мешаваду дар илми ҷаҳони як назарияи нав руи кор меояд. Техникаву технологияи навтарин низ натичаи заҳмат ва меҳнати чандинсолаву ихтирои олимон аст. Аз ин ру ҳар як давлат мекушад, то ба ин соҳа маблағзгузори кунад то ба василаи ихтироъ ва дастовардҳои олимонаш кишварашро дар арсаи олам муаррфӣ намояд. Тоҷикистон, ки узви комилҳқуқи ҷомеаи ҷаҳонист дар самти илму технология низ аз кишварҳои дигар қафо мондани нест, аз ин ру сол то сол соҳаи илм низ дар кишвари мо ру ба рушд аст.