СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ДАР МТМУ №12

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Фархор бо ташаббуси аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода ва сокинони маҳал ва аъзоёни фаъоли ҲХДТ сохтмони синфхонаҳои иловагӣ бо маром ҷараён дорад. Корҳои сохтмонӣ дар дираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими нозоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон роҳандозӣ шуда аз тарафи шахсони саховатманди деҳаи ки хатмкунандагони ҳамин даргоҳ мебошанд маблағгузори шуда истодааст. Сохтмончиён мақсад доранд, ки дар кутоҳтарин фурсат корҳои сохтмониро ба анҷом расонида иншооти мазкурро ба истифода диҳанд. Айни замон 75 фисади коҳо ба анҷом расонида шудаанд.