СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ №43

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

          Тибқи иҷрои нақшаи чорабиниҳо дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43-и ноҳия бо иштироки намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

  Дар соати сиёсӣ намояндагони дастгоҳи раиси ноҳия ва  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар иштирок намуда, дар мавзуъҳои вобаста ба хатару таҳдидҳои терроризму экстремизм, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилоту ҳаракатҳои террористию ифротӣ, назорат ва тарбияи дурусти фарзандон дар руҳияи ватандустӣ, хештаншиносӣ, инсондустӣ, ҳимояи марзу бум  суҳбат намуданд.  Ҳамзамон таъкид гардид, ки тамоми сокинони ноҳия бояд атрофи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, дар ҳифзи марзу буми Ватан фаъол бошанд ва моро месазад, ки фарзандонамонро дар руҳияи ватандустӣ хештаншиносӣ тарбия намоем.  Ҳамзамон муовини раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба пешгирӣ ва гаравидани ҷавонон ба ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, ибрози андеша намуда, зикр кард, ки дастовардҳои Тоҷикистони азизро бештар дар байни аҳолӣ, ҷавонону наврасон ташвиқу тарғиб намуда, кӯшиш бояд намуд, ки онҳо зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.  Дар вохӯрӣ аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ  ба сухан баромада, оид ба пешгирӣ ва гаравидани ҷавонон ба ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, ибрози андеша намуда,  ки дастовардҳои Тоҷикистони азизамонро бештар дар байни аҳолӣ, ҷавонону наврасон ташвиқу тарғиб намуда, кушиш бояд намуд, ки онҳо зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.