КИШТИ КАРТОШКА ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҲУДУДИ НОҲИЯ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқотҳои худ бо кишоварзону заминдорон боҳо зикр доштанд, ки «Мо бояд маданияти заминдориро ба таври қатъӣ баланд бардорем, яъне муносибати худро нисбат ба замин, об ва дигар захираҳои табиии кишварамон куллан тағйир диҳем, ба холӣ мондани заминҳои корам роҳ надиҳем, аз ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода карда, аз заминҳои обӣ гирифтани се ва ҳатто чор ҳосил, яъне кишти такрориро васеъ ҷорӣ кунем ва ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем». Масъулини муассисаҳои таълимии ноҳия кушиш ба харҷ дода истодаанд, ки  замини дар ихтиёри муассиса бударо самаранок истифода бурда дар амали намудани дастуру супоришҳои Певои миллат саҳми арзандаи худро гузоранд. Масъулини Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66, аз ҳар ваҷаб замини дар ихтиёрашонбуда хуб истифода намуда, айни замон дар ин замин ба кишти картошка машғуланд.