МУЛОҚОТ БО ХОНОНДАГОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Мулоқоти мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Раҳимова Маъмурбӣ дар Литсеи давлатии №1 бо хонондагони синфҳои болоии ин муассиса баргузор гардид.Мавзӯи суҳбат оид ба омузиши касбу ҳунар буд, ки нотиқ чунин ибрози андеша намуданд, ки, ҳанӯз аз замонҳои қадим одамон фикр мекарданд, ки кадом омил метавонад ба ташаккули тафаккури зебоипарастӣ ва болоравии сатҳи зиндагӣ бештар қудрати таъсиррасонӣ дар рушди оила ва мустаҳкамии он дошта бошад. Ин масъала то ҳанӯз мавриди баҳси олимону муҳаққиқони соҳа мебошад ва андешаҳо низ гуногунанд. Маводи илмию оммавии олимону донишмандон тасдиқ менамоянд, ки рушди ҳунарҳои халқӣ ба тарбияи зебоипарастӣ, беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум ва ҳамчун омили асосии бокортаъминкунии аҳолӣ, коҳиши муҳоҷирати меҳнатӣ ва мустаҳкамсозии оила басо нақши муассир доранд. Қисмати зиёди ин матолиб ба масъалаи тарбияи завқи бадеӣ, хусусан, тарбия тавассути ҳунару санъат бахшида шудааст. Метавон гуфт, ки мақоми ҳунар на танҳо дар наздик сохтани насли наврас ба неъматҳои эстетикии ҳаёт бузург аст, балки ба пешрафти сатҳи маънавиёти оила, рӯзгордорӣ ва ғанӣ гардидидани захираҳои моддӣ дар оила нақши муассир дорад.

Зеро аз қадимулайём мардуми соҳибмаърифати тоҷик дар баробари қавму мардуми дигар бо шавқу завқи баланд ба касбу ҳунарҳои милливу аҷдодӣ, амсоли оҳангарӣ, мисгарӣ, зардӯзӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ, кулолгарӣ, шонатарошӣ, кордсозӣ, қолинбофӣ, чармгарӣ, олкорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, на танҳо дар зинда нигоҳ доштани урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, ҳамчунин дар тарғибу муаррифии фарҳанги бою ғанӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагӣ онро васеъ истифода менамуданд.