ВАРЗИШ ГАРАВИ САЛОМАТИСТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Бо ташаббуси мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ҷиҳати иҷрои бандҳои алоқаманди нақшаи кории шуъбаи мазкур оид ба баргузории мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои гуштини миллӣ, бандкашӣ, дастхобонӣ, волейбол, футбол ва амсоли инҳо баҳри нигаҳдорӣ ва тарғиби ташакули тарзи ҳайёти соли миёни наврасон дар мауссисаҳои таълимии ноҳия ва Мактаби варзишӣ мусобиқаҳо идома доранд гардиданд.  Дар ин замина дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 мусобиқа миёни хонандагони синфҳои 10 ва 11 аз руи намуди волейбол баргузор карда шуд, ки дар он 4 даста аз муассисаҳои таълимии Ҷамоати деҳоти Фархор иштирок намуданд. Айни замон даври якуми мусобиқа анҷом ёфта 2 дастаи ғолиб ба даври дигар роҳхат гирифтанд.