МАЪРАКИ НИҲОЛШИНОНӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  Бо ҷалби аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва волонтиёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61-и ноҳия шамбегӣ баргузор карда шуданд.Дар ин руз аз тарафи волонтиёрон корҳои тоза намудани ҳудуди муассиса аз ҳар гуна партовҳо, нарм намудани бехи дарахтон, тоза кардаии новаҳои бетонии назди коргоҳ, шинонидани ниҳолҳои ҳамешасаб ва ғайра ба иҷро расонида шуданд. Қобили қайд аст, ки дар пайи ин иқдом зиёда аз 40 дарахти ҳамешасабзу ороишӣ ва беш аз 10 дарахти мевадиҳанда, аз қабили ноку себу зардолу шинонида шуд. Ёдовар мешавем, ки кабудзоркунӣ, шинондани дарахтони сояафкану мевадиҳанда, тозаву озода намудани саҳни биноҳои таълимиву аз машғулиятҳои баъдикориву баъдидарсии ҳайати муассиса гаштааст.