ҲАШАРҲОИ ДАСТАҶАЪМОНА ДАР НОҲИЯ ИДОМА ДОРАНД.

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди ноҳияи Фархор ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизб оид ба баргузории шанбегиҳо ва корҳои ободонӣ баргузор карда шуда истодаанд.

        Дар робита ба ин масъулини Муассисаи таҳсилоти умумии миёнаи №64 корҳои ободонро дар ҳудуди муассиса роҳандозӣ намуда як қатор корҳоро аз қабили тоза кардани гирду атрофи муассиса, нарм намудани замини назди муассисаи таълими ва тоза намудани новаҳои гирду атрофро ба анҷом расониданд.