ИДОМАИ КОРҲОИ СОХМОНИ ДАР МТМУ №64

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №64-и ноҳияи Фархор бо ташаббуси сокинони маҳал ва аъзоёни фаъоли ҲХДТ сохтмони синфхонаҳои иловагӣ бо маром ҷараён дорад. Тибқи нақша корҳои сохтмони то давраи оғози таҳсили солҳои таҳсили 2023-2024 ба анҷом расонанда мешавад.Корҳои сохтмонӣ моҳи май оғоз гардида, бунёдкорон кӯшиш доранд, ки барои насли ояндасози миллат туҳфаи хотиравиро ҳарчӣ тезтару босифат супоранд. Синфхонаҳои иловагӣ мутобиқ ба талаботи замон буда, тариқи ҳашар бунёд гардида истодааст. Ҳамзамон санаи 21.12.2023 Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дарноҳияи Фархор Мирализода Лутфулло аз рафти корҳои сохтмонӣ дар ин муассиса дидан намуданд..