ҲИФЗИ ПИРЯҲО ТАШАББУСИ БЕНАЗИР

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

          Рӯзи 22 – декабри соли равон дар Муассиси таҳсилоти миёнаи умумии №42 дар ҷорабинии тантанавӣ дар доираи шарҳу тавзеҳи тазабусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти об ва захираҳои обии ҷаҳон баргузор гардид.

Салимов Наҳтуло дар баромади худ иброз доштанд, ки ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалӣ намудани ҳамкории бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаи об заминаи мусоид фароҳам меоранд. Дар шароити имрӯза маҳз мавқеъгирии маҷмуӣ метавонад ба ҳалли мушкилоти рӯзмарра, рушди иқтисоди «сабз» ва пешрафти босубот заминаи боэътимод гузорад. Ёдовар мешавем, ки 14 декабр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-ум қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 мамлакати аъзои Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд. Қатънома аҳаммияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор инъикос намудааст. 

Инчунин дар ин санад таъкид шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши густурдаи криосфера шудааст, ки дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкӯҳҳо кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст. Ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳрӣ таъсир мерасонад.