БОБОҶОН ҒАФУРОВ ҚАҲРАМОНИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

БОБОҶОН ҒАФУРОВ ҚАҲРАМОНИ ХАЛҚИ ТОҶИК

         Дар Муассиси таҳсилоти миёнаи умумии №6 санаи  21 – лекабри соли ҷорӣ дар доираи нақша чарабиниҳои тасдиқшуда  ҳамоиш бахшида ба 115 солагии Академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Раҳимова Маъмурбӣ дар мавзӯъи “Бобоҷон Ғафуров Қаҳрамони халқи тоҷик” баргузор гардид.   Ҳамзамон, дар мулоқоти мазкур иштирок доштанд, омӯзгорон ва намояндаи шӯрои собиқадорони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор. Нотиқон оид ба мавзӯи болозикр маърӯзаҳои худро дар назди хонандагон қироат намуданд. Раҳимова Маъмурбӣ дар навбати худ иброз доштанд, ки на танҳо таърихи халқи тоҷик, балки  илми шарқшиносии собиқ  Иттиҳоди Шӯравӣ ва  ҷаҳонро бе номи Бобоҷон Ғафуров  тасаввур кардан номумкин аст. Бобоҷон Ғафуров яке аз аввалин  сарбозони  инқилоби маданӣ, яке аз  ташкилотчиёни илму ирфон дар Тоҷикистон, яке аз арбобони намоёни партиявӣ ва давлатии Тоҷикистон буда, саҳми ӯ дар тараққиёти иқтисодиёт ва маданияти Тоҷикистон хеле бузург аст.  Ин фарзанди барӯманди халқи тоҷик 31 декабри соли 1909 дар деҳаи Исфисори шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди имрӯза таваллуд шудааст. Падари ӯ Ғафур Сангинов, ки аслан касби боғбонӣ дошт, дар даргоҳи бойҳои маҳаллӣ муздурӯ мекард ва муддате чанд коргари роҳи оҳан низ будааст. Бобоҷони хурдсол низ чанд муддат муздури карда, аз сини 8-солагӣ хидмати яке аз бойҳои маҳаллиро  ба ҷо меовард. Дар Рушду камол ва пешрафти маънавии  Бобоҷон Ғафуров, ки худ иқрор шудааст, пеш аз ҳама, ба модараш сипосгузор аст. Модари ӯ Розия Озод (1893-1957) дорои маънавияёти бои ботинӣ   ва истеъдоди фитрии шоирӣ буда, шахси равшанзамире буд. +, ки бисёр маҳрумиятҳоро дида буд, тавонист фарзандони худро дар   роҳи инсондӯстию накӯкорӣ ба воя расонад ва дар сиришту замири онҳо ахлоқи инсони меҳнатқаринро парварад. Дар сарнавишт ва тақдири  минбаъдаи Бобоҷон Ғафуров тарбиятгарон, муаллимон ва устодони минбаъдаи ӯ низ нақши калон бозидаанд. Муррабии меҳрубон ва устоди хирадманди Ғафуров поягузори адабиёти советии тољик, донишманди забардасти таърих ва адабиёти классикии тоҷик устод Садриддин Айнӣ буд.  Солҳои 1922 ӯ дар парваришгоҳи бачагони деҳаи  Қистақуз зиндагӣ ва таҳсил намуда, соҳиби маълумоти ибтидоӣ гардид. Дар синни 18-солагӣ корманди фаъоли комсомол шуд: аввал ба ҳайси мудири бюрои бачагон, сипас ба сифати мудири шӯъбаи маданияти комитети комсомолии район кор кард.   Охири соли 1928 ӯ бо роҳхати комсомол барои таҳсил дар курсҳои Олии ҳуқуқшиносон, ба шаҳри Самарқанд  фиристода шуд.