СОХТМОНИ МАҶЛИСГОҲ ВА ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ ДАР МТМУ №28

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и ноҳияи Фархор бо ташаббуси сокинони маҳал ва аъзоёни фаъоли ҲХДТ сохтмони маҷлисгоҳ ва толори варзишӣ бо маром ҷараён дорад. Корҳои сохтмонӣ дар доираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими нозоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон роҳандозӣ шуда, аз тарафи шахсони саховатманди деҳаи Бобосафол, ки хатмкунандагони ҳамин даргоҳ мебошанд, маблағгузорӣ шуда истодааст. Сохтмончиён мақсад доранд, ки дар моҳи сентябри соли 2024 иншооти мазкурро ба истифода диҳанд.