СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар доираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими нозоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон ва ҳамзамон бо дастгириҳои аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф корҳои сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 рафта истодааст. Корҳои синфхонаҳои иловагии муассисаи мазкур аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузори шуда истодааст, ҳамзамон, хатмкунандагони сину соли гуногуни ва асосиатсияи падару модарони ин даргоҳ дар доираи амалиёти “Мактаби ман” саҳми худро дар ин корҳои ободонию созандаги гузошта истодаанд.