ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Меҳнатобод” дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба баргузории қорҳои тарғиботӣ оид ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар самти обу иқлим бо иштироки Раҳимова Маъмурбӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор мулоқот баргузор карда шуд.Мавсуф дар суханронӣ оиди масъалаи мазкур иброз доштанд, ки Тоҷикистон дар зарфи беш аз 31 соли соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталиф ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар миёни кишварҳои мутараққии олам мақоми шоистаро касб намуд ва феълан ҳамчун як кишвари дар ҳоли рушду тавсеа ва ташаббускор эътироф гардидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз чандсолаҳо муқаддам набзи ҷаҳони муосирро дарк карда, ба ташаббуси ҷиддӣ иқдом намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти пешомада бетараф буда наметавонист.Шуруъ аз соли 2000 ин ҷониб, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 7 қатъномаро вобаста ба ҳалли масъалаҳои об қабул намуд, ки ин иқдоми бузург дар боло рафтани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон заминаҳои мусоид фароҳам овард. Аз ҷумла, соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005 – 2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» ва ниҳоят, 14-уми декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва дар рӯйхати ҷашнвораҳои байналмилалӣ ворид гардидани санаи 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» аз муҳимтарин иқдомоти ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Аз ҳамин хотир, ҷомеаи байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси поягузори ҳамаи ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф кардааст.