ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 28 ҷиҳати ташғибу ташвиқи моҳияти ташаббусҳои асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои ҳали пробремаҳои иқлим ва ҳамчун соли ҳифзи пиряхҳо элон гардидани соли 2025 соати сиёси баргузор карда шуд.Зимни баромад қайд карданд, ки аҷдодони мо об - манбаи ҳаёт ва онро ифлосу олуда карданро аз нодонӣ ҳисобидаанд, ки дар ривояту гуфтор, зарбулмасалу мақол ва достону ҳикоятҳо ба ин масъала ишораҳои фаровон шудааст. Яке аз натиҷаҳои инқилоби илмӣ-техникӣ он аст, ки бо тадқиқоти амиқ собиқ гардид, ки қисми асосии таркибии мавҷудоти зинда аз об иборат ё худ ташаккул ёфтааст. Муайян карда шудааст, ки таркиби организми инсон вобаста ба синну сол тақрибан 60-75 фоиз аз об иборат аст. Об неъматест, ки олудагиҳои тани моро пок месозад, рӯҳу ҷони моро навозиш мекунад ва ниҳоят чун мувозинат гум мекунем, моро ба худ меорад. Об манбаи ҳамаи мавҷудоти олам буда, захираи бузургест, ки ҷаҳону зиндагиро таровату зебоӣ ва сарзабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хоса зиндагии осоиштаву ободӣ ва пурбаракоту зебоӣ аз об вобаста аст. Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шуморидани он, арзишманд донистани ҳар қатраи ин муъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони комил ва асил аст, зеро он натанҳо ҳамчун манбаи ҳаёт, балки махзани нуру рушноӣ ва маҳсули шодиҳои олам аст. Ҳанӯз дар оғози ҳазорсолаи нав, яъне соли 2000-ум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ аввалин шуда доир ба масъалаҳои истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои обии сайёра эътибори ҷаҳониёнро ҷиҳати ҳаллу фасли фаврии он аз минбари Созмони Милали Муттаҳид - сохтори бонуфузи ҷаҳонӣ иброз намуда буданд. Изҳор карданд, ки “Агар мо имрӯз муносибати худро ба захираҳои табиӣ, аз он ҷумла оби тоза дигаргун нанамоем, моро дар оянда фарзандонамон намебахшанд”.