МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА САҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ОБУ ИҚЛИМ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маҳаллаи №2” бо иштироки вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фархор дар асоси нақша ҷорабинии гурӯҳи вакилии ҳизби оид ба баргузории қорҳои тарғибу ташвиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои обу иқлим мулоқот баргузор карда шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси  ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки 23 декабри соли 2022 ироа гардид, таъкид намуданд: “Боиси қаноатмандист, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст. 14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард”. Дар асоси Қатъномаи мазкур, чуноне ки дар Паём ишора шуд, дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзуъ, соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад. Хушбахтона, ин  панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд, ки  боиси шодиву ифтихори бузург аст.  Бо назардошти вазъи ноустувори ҷаҳони муосир, аз ҷумла гармшавии иқлим, ки пайомадҳои гуногуни манфиро дорад, чунин ташаббус муҳиму саривақтӣ буда, амалӣ гардидани он барои ҳифзи сайёра аз хатарҳои воқеӣ ва ба ин васила боз ҳам баланд бардоштани мавқеъ ва обрӯи Тоҷикистон дар дунё нақши муассир мегузорад. Бо зикри ин нуктаҳо ҳар фарди худшиносу ватандӯст ба чунин хулоса меояд, ки Тоҷикистон дар самти татбиқи ҳадафҳои умумибашарӣ пешсаф ва Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои кулли мардуми хайрхоҳи ҷаҳон аст. Мо бо чунин Ватан ва бо чунин Пешвои ташаббускору башардӯст ифтихор мекунем, иброз доштанд дар баромадашон вакили ноҳиявӣ Ҳакимова Давлатбӣ.