САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ҶАНОБИ ОЛӢ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ГЛОБАЛӢ ВОБАСТА БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ОБ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  Бо иштраки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Вализода Муҳаммад нимаи дуюми рӯзи 11 – декабри соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Орзу” оид ба шарҳу тавзеҳи моҳияти ташаббусҳои Пешвои миллат дар самти ҳалли масъалаҳои тағирёбии иқлим ва об мулоқот баргузор карда шуд. Ҳамзамон дар мулоқот намояндагони гурӯҳи вакилии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва аъзо ва ҷонибдорони ҳизб иштирок доштанд.Вализода Муҳаммад зимни суханронӣ қайд намуданд, ки ин ташаббусҳо дар фаҳмиши дурусти масъалаҳо ва мушкилоти марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳалли онҳо барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини устувори ҳифзи муҳити зист, ба даст овардани сулҳу субот ва дар маҷмӯъ барои рушди устувор саҳми арзанда гузоштаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги оби тозаи нӯшокӣ буда,  захираҳои об барои таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишвар нақши муаасир дорад. Айни замон, захираҳои об дар кишвар манбаи асосии истеҳсоли энергия ба шумор рафта, 95% — и барқ дар кишвар тавассути неругоҳҳои барқии обӣ истеҳсол карда мешаванд. Захираҳои обӣ дар соҳаҳои обёришаванда ва истеҳсол тақрибан 80%-и маҳсулоти кишоварзӣ, таъминоти оби нӯшокӣ ва санитария,  саноат ва моҳипарварӣ,  ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои босифат нақши муҳим дорад, истифода мешавад. Захираҳои об дар кишвар, ҳамчунин, дар таъмини шуғлнокии аҳолӣ низ саҳмгузор аст. Рушди минбаъдаи соҳаи гидроэнергетика, соҳаҳои обёришавандаи кишоварзӣ  ва саноат ҷойҳои нави кориро ташкил менамоянд. Аз ин номгӯй муҳиммияти бештарро  соҳаҳои обёришавандаи кишоварзӣ касб менамоянд, зеро қисмати зиёди аҳолии деҳоти кишварро бо шуғл таъмин менамоянд. Дар самти идоракунӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ, Ҳукумати кишвар фаъолияти худро дар самтҳои зерин: татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои обӣ; таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмил додани қонунгузории соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон; таҳияи стратегияҳо, барномаҳо, консепсияҳо ва нақшаҳои рушд; танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об; рушди иқтидор; мусоидат ҷиҳати истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об; ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳое, ки дар самтҳои алоқаманд бо идоракунӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои обӣ фаъолият менамоянд; назорати давлатӣ ва назорати бехатарии иншооти гидротехникӣ; пешбурди кадастри давлатии об дар бахши истифодаи об таҳияи лоиҳаҳо ва ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи об амалӣ менамояд.