“ТОҶИКОН” ШОҲАСАРИ БЕЗАВОЛИ МИЛЛАТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 бахшида ба гиромидошти 115 солагии Қаҳрамони халқи тоҷик Академик Бобоҷон Ғафурон Конференсияи илмӣ бо иштироки омузгорону хонандагони муассиса баргузор карда шуд, ки дар он намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор иштирок ва суханронӣ намуданд.Зимни қироати маърузаҳо қайд карданд, ки таълифи китоби пурарзиш ва шоҳасари бунёдии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» барои ҳар фарди тоҷик муқаддас аст. Зеро дар он тамоми паҳлуҳои таърихи пурғановати халқи тоҷик ва ҳаёту мамоти ин мардуми ориёитабор баръало таҷассум гардида, он дар пояи консепсияи мукаммали илмӣ таҳқиқу таҳлил гардида, ҳамчун зиндагиномаи ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид. Ин шоҳасари безавол дар илми таърихшиносии дохил ва хориҷи мамлакат шуҳрати ҷаҳонӣ касб карда, имрӯз китоби рӯимизӣ ва роҳнамои ҳар хонаводаи тоҷик гардидааст. Китоби мазкур соли 1972 ба забони русӣ нашр шуда, солҳои 1983 ва 1985 ба забони тоҷикӣ тарҷума ва интишор гардида, се маротибаи дигар бознашр шудааст. Дар ин замина Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2019) Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик ва ҳарчи бештар ҷалб намудани мардуми фарҳангсолори тоҷик барои ҳифзи ҳувият ва анъанаву арзишҳои миллӣ то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуровро аз чоп бароварда, барои ҳар оилаи кишвар дастрас намоянд. Хушбахтона, ин дастури Роҳбари давлат аз ҷониби масъулин иҷро гардида, айни замон он ҳамчун ганҷинаи нодир ва махзани маърифат ҷиҳати шиносоӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик ба ҳар хонадони хизмат намуда истодааст.Устод Бобоҷон Ғафуров дар муддати қариб 30 соли таълифи китоб кӯшишҳои зиёде намуд, ки таърихи халқи тоҷикро амиқ омӯзад ва тамоми паҳлуҳои ҳаёти ин мардуми куҳантаборро бо далелҳо рӯи қоғаз биёрад. Ин аст, ки муаллиф ҳаҷми асарашро зиёд намуда, 2 китоби мукаммал навишт. Аллома Бобоҷон Ғафуров орзу дошт, ки китобаш ба забони тоҷикӣ нашр гардад ва ба хонандагон пешкаш карда шавад, вале орзуи устод танҳо баъди маргаш амалӣ гардид. Барои таълифи шоҳасари «Тоҷикон» муаллиф аз сарчашмаҳои гуногуни асарҳои илмии муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ васеъ истифода бурда, дар бисёр ҳолатҳо ҳатто барои дастрас намудани маълумоти мукаммал ба дигар давлатҳо сафарҳо анҷом медод. Ҳамин тозакориҳо ва заҳматҳои академик Бобоҷон Ғафуров буд, ки китоби мурратабгардидаро, ки аз таъриху тамаддуни мардуми ориёитабор нақл мекунад, ҷаҳониён ба хубӣ пазируфтанд ва маҳз ин шоҳасар муаррифи тамаддуни ориёиён гардид.