ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИНҲО ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

 Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ яке аз воситаҳои асосии таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Фархор ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизбӣ Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки таъкид дошта буданд, ки “Мо бояд маданияти заминдориро ба таври қатъӣ баланд бардорем, яъне муносибати худро нисбат ба замин, об ва дигар захираҳои табии кишварамон куллан тағйир диҳем, ба холӣ мондани заминҳои корам роҳ надиҳем, аз ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода карда, аз заминҳои обӣ гирифтани ду ва се ҳосил, яъне кишти такрориро васеъ ҷорӣ кунем ва ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем”, софдилона меҳнат намуда истодаан. Бо истифода аз имконот дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Фархор истифодабарии самаранокии заминҳои наздимуассисавӣ дуруст ба роҳ монда шудааст. Ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани гуфтаҳои боло масъулини Муассисиа таълимии №61 замини дар назди мактабударо барои кишти картошка омода намуданд ва дар рӯзҳои назди мақсад доранд, киштро гузаронанд.