БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ МОЛИЯ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар толори маҷлисгоҳи Раёсати молияи ноҳияи Фархор бахшида ба Рӯзи кормандони соҳа санаи 7 – декабри соли ҷори мулоқот баргузор карда шуд. Дар мулоқот ҳамзамон Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХД дар ноҳияи Фархор иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ иброз доштанд, ки боиси ифтихор аст, ки иди касбии кормандони мақомоти молияро имрӯз дар фазои ваҳдату субот ва рушди иқтисодиёти миллии кишварамон таҷлил менамоем. Рӯзи кормандони мақомоти молия бо ташаббус ва дастгириву ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми қонуниро касб кард. Аз ҷумла таъкид намуд, ки пешбурди сиёсати буҷету андоз, таҳияи буҷети давлатӣ, ҷараёни иҷроиши буҷет, назорати истифодаи маблағҳои буҷетӣ, маблағгузории саривақтӣ  дар буҷет пешбинӣ шудаанд. Ҳамчунин, назорати фаъолияти молиявии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, хароҷоти босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи молиячиён дониста мешаванд. Тавре ки Пешвои миллат таъкид медоранд, пешбурди сиёсати оқилона ва устувори молиявӣ дар тамоми давру замон омили асосии суботи давлат мебошад.  Дар ҳақиқат, саҳми кормандони соҳаи молия дар пешбурди ин сиёсати давлатӣ ва таҳкими иқтисодиёти мамлакат намоён аст. “Кормандони мақомоти молия бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти Ватан барои боз ҳам афзун намудани дастовардҳо ва рушди бомароми соҳаи молия, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, саривақт маблағгузорӣ намудани соҳаҳои иҷтимоӣ ва иншоотҳои муҳимми давлатӣ тамоми чораҳоро меандешанд”. 

Дар идомаи суханронӣ изҳор дошт,  ки аз моҳи январи соли 2015 низоми нави иттилоотии  идоракунии молияи давлатӣ ҷорӣ карда шуд, ки банақшагирӣ, иҷрои буҷети давлатӣ ва баҳисобгирии муҳосибиро дар бахши давлатӣ мукаммал намуда, барои ҷалб намудани ҳамаи мақомоти давлатӣ дар раванди электронии банақшагирӣ ва иҷрои буҷети давлатӣ шароити мусоид фароҳам овард

.