МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА 115 СОЛАГИИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

         Дар Китобхонаи марказии ноҳияи Фархор бо мақсади шарҳу тавзеҳи ҳаматарафи Самити байналмилали бахшида ба 115 солагии Академик бобоҷон Ғафуров бо иштироки иштирокчии ин Самити бошукуҳ муовини раиси ноҳияи Фархор Раҳматуллозода Дилбар баргузор карда шуд. Ҳамзамон дар ин мизи мудаввар намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Раҳимова Маъмурбӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.Раҳматуллозода Дилбар зимни суханрони қайд карданд, ки нақши китоби безаволи «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон  Ғафуров дар худогоҳиву хештаншиносии  миллати тоҷик, шинохти миллат дар арсаи дунё, тарбияи насли ояндасоз муассир арзёбӣ мегардад, зеро барои нашру дастраси омма гардидани ин шоҳасар муаллифи он заҳмати сангинро пушти сар намудааст.  Дар рўзгоре, ки дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ миллатгароӣ дар ҳоли авҷ қарор дошт, тангназарону нотавонбинон миллати тоҷикро инкор карданӣ мешуданд, шахсияти маҳбубу маъруфи таърихӣ аллома Бобоҷон Ғафуров ба арсаи сиёсат ворид шуду бо эҷоди асари безаволи худ- «Тоҷикон» исбот намуд, ки миллати тоҷик дорои таъриху тамаддун ва фарҳанги худ буда, миёни дигар миллатҳо ҷой ва мақоми арзандаро дорост.  Фарзандони барӯманди ин миллат дар дунё маълуму машҳуранд ва осори бебаҳою гаронарзиши онҳо дар хизмати аҳли башар қарор дорад. Ба истиқболи  30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Пешвои муаззами миллат  Эмомалӣ Раҳмон бо теъдоди зиёд бознашр кардани ин асари безавол ва ройгон дастраси ҳар як оилаи тоҷикистонӣ намудани он беҳтарин туҳфа ба мардум арзёбӣ мегардад. Аллома Бобоҷон Ғафуров ҳангоми дар Маскав зиндагӣ кардану ба сифати сарвари Пажўҳишгоҳи шарқшиносии Шӯравӣ, ки яке аз марказҳои бузурги ховаршиносии ҷаҳон маҳсуб меёфт, ифои вазифа кардан китоби гаронарзиш барои миллати тоҷик «Тоҷикон» - ро таълиф намуд, ки он дар шинохти ин миллат нақши муассир гузошта, насли ояндасозро дар рўҳияи худшиносӣ, рӯ овардан ба таъриху тамаддуни миллати худ ба камол мерасонад.