МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА "РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ" ИДОМА ДОРАД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  


Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” Мирализода Лутфулло аз санаи 21 - уми ноябри соли равон, бахшида ба "Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ" ва бо мақсади оммавигардонии варзиш мусобиқаи футбол байни хонандагони муассисаҳои таълимии Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор карда мешавад. 
Дар мусобиқаи мазкур хонандагони синфҳои болоии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия миёни ҳам рақобат намуда истодаанд. Мусобиқа аз рӯи системаи олимпи гузаронида шуда, ду дастаи ғолиб ба даври ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Бозии ниҳои дар Рӯзи 10 декабр дар маркази ноҳия баргузор карда мешавад ва дастаи ғолиб бо Сипоснома ва таҳваҳои хотирмон дар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда мешавад .