КОРҲОИ ОБОДОНИ ДАР ДЕҲОТИ НОҲИЯ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  


    Дар доираи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ва иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб оид ба роҳандозӣ намудани корҳои ободонӣ бахшида ба 29 солагии Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ масъулини Кумитаи иҷроия дар якҷоягӣ бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “1 – май” ба ҳашар баромада корҳои назаррасеро ба сомон расониданд.Дар ин ҳашар аъзо ва ҷонибдорони ҳизб аз ташкилоти ибтидоии болозикр сарҷаъмона иқдом намуданд, ки роҳи байни деҳаро дар масофаи 3 км сангфарш намоянд. Ҷунин иқдомҳои нек минбаъд ҳам аз тарафи аъзои фаъоли ҳизб дар ҳудуди ноҳия идома меёбад.